Ваҳдати миллӣ ҳосили талошҳои Пешвои миллат

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Раёсати адлияи вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ тамоми кормандони Сарраёсат ва зерсохторҳои он иштирок намуда, сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода оид ба дастовардҳои даврони истиқлолияти кишварамон ва самти ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд пешбинигардида, ки он марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст, ёдовар шуд.

Муфассал...

Электроникунонии Китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ

Ҷиҳати таъмини сатҳу сифати баланди ҷамъоварӣ, таҳия, коркард ва пешниҳоди маълумоти оморӣ дар маҳал Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот кӯмаки амалию методӣ мерасонад.

Бо мақсади ба шакли электронӣ гардондани китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ мутахассисони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом бо масъулони ҷамоатҳои мазкур семенари дастурдиҳиро оид ба насби барномаи электронии “Китоби баҳисобгирии хоҷагӣ” ва ҷиҳати дуруст пур кардани барнома анҷом доданд.

Муфассал...

Семинари дастурдиҳии омӯзишӣ баргузор гардид

Бо мақсади такмил додани сатҳу сифати маълумотҳои омори расмӣ вобаста ба гузаронидани таҳқиқотҳои интихобии соҳаҳои саноат, савдо ва кишоварзӣ дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки мутахассисони соҳавии мақомоти омори шаҳру ноҳияҳо семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар қисмати ифтитоҳии семинари мазкур сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода оид ба тарзи дуруст гузаронидани таҳқиқотҳои интихобии соҳаҳои саноат, савдо ва кишоварзӣ суханронӣ намуда, аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби гуруҳи корӣ изҳори нигаронӣ намуд.

Муфассал...

Деҳаҳои дурдаст лавҳа ва рақамгузорӣ мешаванд

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вусъати корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 тадбирҳои судманд меандешад.

Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода бо ҳолати имрузаи корҳои тайёрӣ ба ин маъракаи муҳим дар ноҳияҳои Шаҳристон, ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, маркази маъмурии ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки Бустон ва шаҳри Бустон ошно гаштанд. Вобаста ба иҷроиши нақшаи кории омодагӣ ва таъмини он ба масъулини мақомоти маҳаллӣ ва идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ дастуру тавсияҳои методӣ дода шуд.

Подробнее...

Дастурдиҳии омузишӣ барои оморчиён оғоз гардид

Дар толори конфронсии «Хуҷанд стар» -и шаҳри Хуҷанд дастурдиҳии омузишӣ бо кормандони барӯйхатгирии аҳолии мақомоти омори вилояти Суғд дар мавзӯи «Рафти корҳои тайёрӣ ва тартиби гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 оғоз гардид.

Дар ҳамоиши мазкур кормандони масъули барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат менамоянд.

Баъди суханони ифтитоҳии сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода баромад намуда, доир ба корҳои то имрӯз ба анҷомрасондаи мақомоти омор дар самти омодагии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил изҳори назар намуд.

Муфассал...