Истиқлолият неъмати бебаҳост
Дата публикации: .
Субҳи имрӯз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чорабинии идона бахшида ба ифтихори ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода аҳли ҳозиринро ба истиқболи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мардуми кишвари азизамон санаи тақдирсоз мебошад, табрику таҳният намуд.
Муфассал...
Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаи “Тути калон”-и шаҳри Хуҷанд
Дата публикации: .
Субҳи имрӯз аз тарафи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаи “Тути калон”-и шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Баруйхатгирандагон давоми чанд рӯз дар маҳаллаи “Тути калон”-и шаҳри Хуҷанд кори худро давом дода шумораи аслии аҳолӣ ва фонди манзили ин маҳалларо муайян менамоянд.
Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил, бо тарзи варакаҳо ва барномаҳои махсуси электронӣ, ки ба планшетҳо насб шудааст коркард гардида истодаанд.
Муфассал...
Семинари дастурдиҳӣ оид ба гузаронидани Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаи “Тути колон”-и шаҳри Хуҷанд
Дата публикации: .
Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари дастурдиҳӣ оид ба гузаронидани Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор гардид. Семинари мазкур бо иштироки кормандони Сарраёсат ва Раёсату бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳои вилояти сугд гузаронида шуда, дар рафти семинар тарзи дуруст пур намудани варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз тарафи мутахассисон ба иштирокчиёни семинар ба таври амалӣ нишон дода шуд.
Муфассал...
Натиҷагири аз нимсолаи якуми соли 2019 дар мақомоти омор
Дата публикации: .
Имрӯз дар мақомоти омори вилоят Ҷаласаи васеи мушовараи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда то охири соли 2019 бо иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа баргузор гардид.
Муфассал...
Ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент ба барномаи электронии “Китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ” дастрасӣ пайдо намуданд
Дата публикации: .
Бо мақсади ба шакли электронӣ гардондани китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ мутахассисони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент бо масъулони ҷамоатҳо семенари дастурдиҳиро оид ба насби барномаи электронии “Китоби баҳисобгирии хоҷагӣ” ва ҷиҳати дуруст пур кардани барнома анҷом доданд. Акнун баъди пурра ворид намудани маълумотҳо ба барномаи мазкур масъулон метавонанд дар муддати кӯтоҳ ва босифат маълумотҳои лозимаро ба таври электронӣ дастрас намоянд.
Муфассал...