• Саҳифаи аслӣ
  • Ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент ба барномаи электронии “Китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ” дастрасӣ пайдо намуданд

Ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент ба барномаи электронии “Китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ” дастрасӣ пайдо намуданд

Бо мақсади ба шакли электронӣ гардондани китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ мутахассисони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент бо масъулони ҷамоатҳо семенари дастурдиҳиро оид ба насби барномаи электронии “Китоби баҳисобгирии хоҷагӣ” ва ҷиҳати дуруст пур кардани барнома анҷом доданд. Акнун баъди пурра ворид намудани маълумотҳо ба барномаи мазкур масъулон метавонанд дар муддати кӯтоҳ ва босифат маълумотҳои лозимаро ба таври электронӣ дастрас намоянд.

Барномаи мазкур дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон насб ва корандозӣ карда мешавад. Айни ҳол ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти 10 шаҳру ноҳияҳои вилоят бо барномаи мазкур таъмин гашта, аз ҷониби кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маълумотҳо мунтазам ворид карда шуда истодааст, ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта истодаанд.