Коррупсия – омили монеа дар роҳи рушд

Коррупсия дар ҷаҳони имрўза дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии давлатҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон монеаҳои ҷиддӣ эљод карда, боиси мушкилоти зиёд гардида истодааст.

Ин амал бо истифодаи нодурусти қудрат ва мавқеи расмӣ барои манфиатҳои шахсӣ алоқаманд аст ва метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла ришваситонӣ, сўистифода аз мақом, хешутаборбозӣ ва дуздӣ аз манъбаи давлатӣ зоҳир шавад.

Омилҳои асосии коррупсия нокифоягии назорат ва танзим дар идораҳои давлатӣ, маърифати паст ва маънавияти пасти шахсоне, ки дар идораҳо кор мекунанд, ҳамчунин норасоии шаффофият дар равандҳои қабул ва иҷрои қарорҳо ва номуайянии қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Коррупсия таъсири манфӣ ба тамоми соҳаҳои ҷомеа мерасонад. Аз нигоҳи иқтисодӣ, он ба коҳишёбии маблаггузориҳо, хароҷотҳои барзиёди давлатӣ сабаб мешавад.

Аз нигоҳи иҷтимоӣ, коррупсия боиси коҳиши эътимоди шаҳрвандон ба ҳукумат ва адолати иҷтимоӣ мегардад, ки дар натиҷа ноадолатӣ ва нобаробарӣ дар ҷомеа афзоиш меёбад. Аз ҷиҳати сиёсӣ, коррупсия ба сустшавии низомҳои демократӣ ва таҳкими режимҳои авторитарӣ мусоидат мекунад. Барои мубориза бо коррупсия, таҳкими қонунгузорӣ ва назорати қатъии фаъолияти идораҳои давлатӣ зарураст.

Подробнее...

Мақомоти омори вилояти Суғд аз фаъолияти солонаи худ натиҷабардорӣ намуд

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори вилояти Суғд дар соли 2024 ҷаласаи мушовара баргузор гардид.

Подробнее...

Президент будан ин ҷасорат аст

Бо маќсади дар сатњи баланд љашн гирифтани Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд љамъомади тантанавї баргузор гардид.

111MG 110241115 WA0004

Дар оѓози чорабинї аз љониби муовини сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд, Исомадинї Садриддин дар бораи хизматњои шоёни Президенти Љумњурии Тољикистон дар самти њифзи истиќлолу озодї, эњёи давлатдории навин ва сарљамъии миллат, афзалияти шакли идораи президентї ба таври муфассал маърўза пешнињод шуд.

муфассал

РЎЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

Имрўз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд бахшида ба Рўзи Иттифоќњои касаба ва арафаи љашни 30-солагии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон чорабинии тантанавї баргузор гардид.

IMG 20241024 WA0017

Дар чорабинї раиси Кумитаи Иттифоќњои касабаи кормандони муассисањои давлатї, љамъиятї ва бонкии вилояти Суѓд - Љамолов Хайруллохон Ѓайбуллоевич иштирок намуд.

Зимни чорабинї аз љониби сардори Сарраёсат Њокимбек Накњатзода барои дастгирї ва њамкории њамешагии раиси Кумитаи Иттифоќњои касабаи кормандони муассисањои давлатї, љамъиятї ва бонкии вилояти Суѓд бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.

Подробнее...

Оила – муқаддастарин рукни ҷомеа ва давлат

Имрўз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Сугд рўзи ягонаи ахбори сиёсӣ бахшида ба Рӯзи оила дар мавзӯи “Оила – муқаддастарин рукни ҷомеа ва давлат” баргузор гардид.

Маводи хониши сиёсӣ аз ҷониби сардори Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ, омори иҷтимоӣ, молия ва бақайдгирии корхонаҳои Сарраёсат қироат гардида, баъди шунидани он кормандон оид ба мавзӯи мазкур фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Зимни чорабини аз ҷониби сардори Сарраёсат қайд карда шуд, ки имрӯз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат дар мадди аввал тифоқи оила мебошад. Чуноне, ки дар ин бора Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Азбаски давлат кафили оромӣ ва амнияти шаҳрвандон мебошад, наметавонад ва ҳақ ҳам надорад, ки мушкилот ва равандҳои ҳам барои оила ва ҳам барои ҷомеа хатарнокро ба ҳоли худ гузорад ва барои ҳаллу фасл кардани онҳо тадбирҳои имконпазир наандешад.”  

Оила аз давру замонҳои қадим дар масири таърих ҳамчун пойдевори ҷамъият буд ва мемонад. Фазои мусоид барои ба камолрасии фарзандон танҳо дар муҳити хонаводагӣ буда метавонад. Имрӯз ҳарчанд мо бо ҷаҳон худро пайвастем, рушд мекунем, вале тақдири ояндаи оила ва фарзандони худро набояд фаромӯш созем. Ҳар кореро анҷом медиҳем бояд ба хотири оила, фардои оила ва манфиати оила анҷом дода шавад.    

Дар интиҳо сардори Сарраёсат аҳли кормандонро бо Якуми  Май – Иди якдилии меҳнаткашон ва Рӯзи оила табрику таҳният намуда, ба хар яки онҳо тани сиҳат, зиндагии орому осуда, хонаи обод, файзу баракат ва ризқу рӯзии фаровон орзу намуд.