Коррупсия – омили монеа дар роҳи рушд
Коррупсия дар ҷаҳони имрўза дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии давлатҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон монеаҳои ҷиддӣ эљод карда, боиси мушкилоти зиёд гардида истодааст.
Ин амал бо истифодаи нодурусти қудрат ва мавқеи расмӣ барои манфиатҳои шахсӣ алоқаманд аст ва метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла ришваситонӣ, сўистифода аз мақом, хешутаборбозӣ ва дуздӣ аз манъбаи давлатӣ зоҳир шавад.
Омилҳои асосии коррупсия нокифоягии назорат ва танзим дар идораҳои давлатӣ, маърифати паст ва маънавияти пасти шахсоне, ки дар идораҳо кор мекунанд, ҳамчунин норасоии шаффофият дар равандҳои қабул ва иҷрои қарорҳо ва номуайянии қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Коррупсия таъсири манфӣ ба тамоми соҳаҳои ҷомеа мерасонад. Аз нигоҳи иқтисодӣ, он ба коҳишёбии маблаггузориҳо, хароҷотҳои барзиёди давлатӣ сабаб мешавад.
Аз нигоҳи иҷтимоӣ, коррупсия боиси коҳиши эътимоди шаҳрвандон ба ҳукумат ва адолати иҷтимоӣ мегардад, ки дар натиҷа ноадолатӣ ва нобаробарӣ дар ҷомеа афзоиш меёбад. Аз ҷиҳати сиёсӣ, коррупсия ба сустшавии низомҳои демократӣ ва таҳкими режимҳои авторитарӣ мусоидат мекунад. Барои мубориза бо коррупсия, таҳкими қонунгузорӣ ва назорати қатъии фаъолияти идораҳои давлатӣ зарураст.