Қадрдонии кормандон бо Ифтихорномаҳо

Ҷиҳати ҳавасмандгардони ва таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти омори вилоят имрӯз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба истиқболи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони фаъол ва пешқадами мақомоти омори Сарраёсат ва раёсату шуъба ва бахшҳои мақомоти омори маҳаллӣ бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Муфассал...

Истиқлолият неъмати бебаҳост

Субҳи имрӯз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чорабинии идона бахшида ба ифтихори ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода аҳли ҳозиринро ба истиқболи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мардуми кишвари азизамон санаи тақдирсоз мебошад, табрику таҳният намуд.

Муфассал...

Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаи “Тути калон”-и шаҳри Хуҷанд

Субҳи имрӯз аз тарафи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаи “Тути калон”-и шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Баруйхатгирандагон давоми чанд рӯз дар маҳаллаи “Тути калон”-и шаҳри Хуҷанд кори худро давом дода шумораи аслии аҳолӣ ва фонди манзили ин маҳалларо муайян менамоянд.

Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил, бо тарзи варакаҳо ва барномаҳои махсуси электронӣ, ки ба планшетҳо насб шудааст коркард гардида истодаанд.

Муфассал...

Семинари дастурдиҳӣ оид ба гузаронидани Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаи “Тути колон”-и шаҳри Хуҷанд

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари дастурдиҳӣ оид ба гузаронидани Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор гардид. Семинари мазкур бо иштироки кормандони Сарраёсат ва Раёсату бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳои вилояти сугд гузаронида шуда, дар рафти семинар тарзи дуруст пур намудани варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз тарафи мутахассисон ба иштирокчиёни семинар ба таври амалӣ нишон дода шуд.

Муфассал...

Натиҷагири аз нимсолаи якуми соли 2019 дар мақомоти омор

Имрӯз дар мақомоти омори вилоят Ҷаласаи васеи мушовараи  Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда то охири соли 2019 бо иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа баргузор гардид.

Муфассал...