Сардори шуъбаи кадрҳо

РУСТАМОВА Шарафнисо АбдураҳимовнаРУСТАМОВА Шарафнисо Абдураҳимовна

аз майи соли 2017 дар мансаби сардори шуъбаи кадрҳои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор мекунад.

19 декабри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад.

Соли 1994 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро бо ихтисоси забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ (рӯзона) ва соли 2009 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо ихтисоси андоз ва андозбандӣ (ғоибона) хатм намудааст.

Оиладор.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои (1996-2003)- корманди шуъбаи шиносномадиҳии Корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд
Солҳои (2003-2005)- муҳандиси бақайдгирии ПМК 43
Солҳои (2005-2013)- Инструктори дараҷаи 2 дар мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Хуҷанд
Солҳои (2013-2014)- сармутахассиси Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд
Солҳои (2014-2017) мутахассиси пешбари Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд
аз майи соли 2017 то ҳол сардори шуъбаи кадрҳои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд