Шанбегӣ ва ниҳолшинонӣ дар Сарраёсати омор

Кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ярмарка фуруши гулу ниҳол ва зироатҳо, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт ширкат намуданд.

Кормандон бо ташббуси худ барои сарсабзу обод гардондани боғи Сарраёсат бештар аз 30 адад ниҳоли мевадиҳанда харидорӣ намуданд.

Муфассал...

Таҷлили Иди Артиши Миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Дар Ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода бо суханони табрикотӣ баромад намуд.

Сипас сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чун намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд.

Муфассал...

Нишасти матбуотии Сарраёсати омори вилоят

Мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки сардори Сарраёсати молияи вилоят Анвар Мирзозода, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии дар виояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Шарифҷон Ахмедов ва сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдо Ҳакимҷон Ҳакимзода баргузор гардид.

Муфассал...

Ободкорию созандагӣ масъулияти шаҳрвандӣ аст

Ҷаласаи кории кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба мавзӯи омилҳои таъмини амнияти кишвар ва саҳми кормандони мақомоти омор дар ин самт бахшида шуда буд.

Сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода ба кормандони мақомоти омор бобати боло бурдани сатҳи масъулиятшиносӣ, иштироки фаъолона дар пешгирӣ намудани зуҳуротҳои номатлуб бетараф набудан таъкид намуд.

Муфассал...

Ҷаласаи дуюми комиссияи вилоятии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ доир гардид

Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ҷаласаи дуюми комиссияи вилоятии мусоидати барӯйхатгирии   аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд дар соли 2020 баргузор гардид.

Оид ба иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 октябри соли 2017, №484 «Дар бораи масъалаҳои комиссияи вилоятии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020» дар вилояти Суғд   ва натиҷаи баҳисобгирии (инвентаризатсия)   саршумори чорво ва боғу токзорҳои вилоят, пур намудан ва ба шакли электронӣ гардондани китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ Cардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Накҳатзода Ҳокимбек Киромидин баромад намуд.

Подробнее...