Ваҳдати миллӣ ҳосили талошҳои Пешвои миллат

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Раёсати адлияи вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ тамоми кормандони Сарраёсат ва зерсохторҳои он иштирок намуда, сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода оид ба дастовардҳои даврони истиқлолияти кишварамон ва самти ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд пешбинигардида, ки он марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст, ёдовар шуд.

 

Чуноне, ки сарвари кишвар дар суханронии худ ҷомеаю мардуми диёрамонро даъват намуданд, ки ҳар як нафар новобаста аз мақому вазифа ва касбу кори худ дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони азизро қадр  намояд ва ҳифз кунад. Зеро сулҳу суботи имрӯза, ки насиби тоҷику тоҷикистонӣ гаштааст, бояд донем, ки бо чӣ баҳо ба даст омадааст. Наслҳои ҷавонро ба роҳи дуруст, дӯст доштани Ватан-Модар ҳидоят намуда, нагузорем, ки ба ҳизбу ҳаракатҳо, гуруҳҳои ифротӣ, террористию экстремистӣ шомил гарданд.

Ҳамчунин дар бораи муайян намудани омилҳои пайдоиш ва оқибатҳои номатлуби коррупсия, ҷиҳати таъмини тадбирҳои дар Нақша-чорабиниҳои “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” пешбинишуда, Рақибзода Сайфиддин - нозири шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва оид ба самтҳои асосӣ ва шакли мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, Боқиев Нурулло Нуриддинович -мутахассиси Раёсати адлияи вилояти Суғд баромад намуданд.