Электроникунонии Китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ

Ҷиҳати таъмини сатҳу сифати баланди ҷамъоварӣ, таҳия, коркард ва пешниҳоди маълумоти оморӣ дар маҳал Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот кӯмаки амалию методӣ мерасонад.

Бо мақсади ба шакли электронӣ гардондани китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ мутахассисони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом бо масъулони ҷамоатҳои мазкур семенари дастурдиҳиро оид ба насби барномаи электронии “Китоби баҳисобгирии хоҷагӣ” ва ҷиҳати дуруст пур кардани барнома анҷом доданд. Минбаъд пас аз пурра ворид намудани маълумотҳо ба барномаи мазкур масъулон метавонанд дар муддати кӯтоҳ ва босифат маълумотҳои лозимаро ба таври электронӣ дастрас намоянд.

Ёдовар мешавем, ки барномаи мазкур дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон насб ва корандозӣ карда мешавад. То ҳол дар 9 шаҳру ноҳияҳои вилоят барнома насб шуда, аз ҷониби кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маълумотҳо мунтазам ворид гардида, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаанд.