Семинари дастурдиҳии омӯзишӣ баргузор гардид

Бо мақсади такмил додани сатҳу сифати маълумотҳои омори расмӣ вобаста ба гузаронидани таҳқиқотҳои интихобии соҳаҳои саноат, савдо ва кишоварзӣ дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки мутахассисони соҳавии мақомоти омори шаҳру ноҳияҳо семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар қисмати ифтитоҳии семинари мазкур сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода оид ба тарзи дуруст гузаронидани таҳқиқотҳои интихобии соҳаҳои саноат, савдо ва кишоварзӣ суханронӣ намуда, аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби гуруҳи корӣ изҳори нигаронӣ намуд.

 

Пас аз баромади сардори Сарраёсат, Шарипова М.З. - сардори Раёсати омори кишоварзӣ, саноат ва инвеститсия дар сохтмон дар бораи муайян намудани кишти зироатҳои кишоварзӣ, саршумори чорво ва истеҳсоли маҳсулотҳо дар хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҷараёни гузаронидани таҳқиқоти интихобӣ маълумотҳои муфассал дод. Инчунин аз ҷониби кормандони раёсат тарзи пурсиши ҳолати воқеӣ дар хонаводаҳо амалан нишон дода шуда, он мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Ҳамзамон, Муйдинзода Д.М. - сардори Раёсати омори савдо ва нарху тарифҳо оид ба тахқиқоти интихобии бозорҳои омехта, озуқаворӣ ва ашё тибқи дастурамал ба иштирокчиён маълумот дода, аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ ҳамчун намуна ҷадвалҳои он хонапурӣ гардид.

Давоми кори семинар Ҷалолова М.А. - сардори шуъбаи омори саноат дар бораи таҳқиқоти соҳаи саноат оид ба истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ дар бахши соҳибкорӣ баромад намуда, тарзи дурусти гузаронидани пурсиш ва пешниҳоди маълумотҳои ҷамъбастӣ ба иштирокчиён амалан нишон дода шуд.

Иштирокчиён аз семинари омӯзишӣ дастурҳои муфид ва таассуроти тоза гирифта, барои боз ҳам такмил додани варақаҳои пурсишнома ва дастурамали онҳо як қатор пешниҳодҳо пешкаш намуданд.