Cардори Сарраёсат

НАКҲAТЗОДА Ҳокимбек КиромидинНАКҲAТЗОДА Ҳокимбек Киромидин

Аз марти соли 2015 дар мансаби сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор мекунад. 1 апрели соли 1977 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик буда таҳсилоташ олӣ мебошад.

Соли 1999 Донишкадаи Давлатии кооперативии тиҷорати Тоҷикистонро (рӯзона) бо ихтисоси муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ хатм кардааст.

Забонҳои русӣ, англисро медонад.

Оиладор мебошад.

Суроға ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Маяковски 75/29.

Кор ва фаолияти собиқа

Солҳои 2000-2002- Ҳисобчии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2002-2003- Иқтисодчии «Тоҷиквзрифпром»- и ш.Душанбе
Солҳои 2003-2004- Иқтисодчии дараҷаи 1 шуъбаи омори инвеститсияҳо дар сохтмони Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2004-2005- Иқтисодчии пешбари шуъбаи омори инвеститсияҳо дар сохтмони Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2005-2006- Сардори шуъбаи таъминоти иттилоотии омори сохтмони «Маркази кулли ҳисоббарори» и Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2008- Сардори шуъбаи омори инвеститсияҳо дар сохтмони Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2008-2010- Сардори Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмони Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2015- Сардори Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз марти соли 2015 то ҳол Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд