Деҳаҳои дурдаст лавҳа ва рақамгузорӣ мешаванд

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вусъати корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 тадбирҳои судманд меандешад.

Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода бо ҳолати имрузаи корҳои тайёрӣ ба ин маъракаи муҳим дар ноҳияҳои Шаҳристон, ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, маркази маъмурии ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки Бустон ва шаҳри Бустон ошно гаштанд. Вобаста ба иҷроиши нақшаи кории омодагӣ ва таъмини он ба масъулини мақомоти маҳаллӣ ва идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ дастуру тавсияҳои методӣ дода шуд.

 

Хамзамон бо иштироки намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва раисони маҳаллаҳо дар деҳаҳои Ободӣ ва Шаҳристони болои ноҳияи Шаҳристон, маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар 12 кӯча ва наздик 660 ҳавлии сокинон, намунаи лавҳа бо номи кӯча ва рақами манзили шаҳрвандон насб карда шуд.

Лозим ба қайд аст,ки лавҳаю рақамҳо аз ҳисоби Сарраёсати омори вилоят омода карда шуда ба ихтиёри раисони кумитаҳои маҳаллаҳои зикргардида супорида шуд.

Инчунин дар Ҷамоати шаҳраки Бўстони ноҳияи Мастчоҳ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кўчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва С. Шарипов зиёда аз 150 бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ рақамгузорӣ гардид.

Дар шаҳри Бўстон кўчаҳои ба номи Қаҳҳор Маҳкамов ва Сотим Улуғзода зиёда аз 110 биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон рақамгузорӣ гардид.