• Саҳифаи аслӣ

Оила – муқаддастарин рукни ҷомеа ва давлат

Имрўз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Сугд рўзи ягонаи ахбори сиёсӣ бахшида ба Рӯзи оила дар мавзӯи “Оила – муқаддастарин рукни ҷомеа ва давлат” баргузор гардид.

Маводи хониши сиёсӣ аз ҷониби сардори Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ, омори иҷтимоӣ, молия ва бақайдгирии корхонаҳои Сарраёсат қироат гардида, баъди шунидани он кормандон оид ба мавзӯи мазкур фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Зимни чорабини аз ҷониби сардори Сарраёсат қайд карда шуд, ки имрӯз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат дар мадди аввал тифоқи оила мебошад. Чуноне, ки дар ин бора Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Азбаски давлат кафили оромӣ ва амнияти шаҳрвандон мебошад, наметавонад ва ҳақ ҳам надорад, ки мушкилот ва равандҳои ҳам барои оила ва ҳам барои ҷомеа хатарнокро ба ҳоли худ гузорад ва барои ҳаллу фасл кардани онҳо тадбирҳои имконпазир наандешад.”  

Оила аз давру замонҳои қадим дар масири таърих ҳамчун пойдевори ҷамъият буд ва мемонад. Фазои мусоид барои ба камолрасии фарзандон танҳо дар муҳити хонаводагӣ буда метавонад. Имрӯз ҳарчанд мо бо ҷаҳон худро пайвастем, рушд мекунем, вале тақдири ояндаи оила ва фарзандони худро набояд фаромӯш созем. Ҳар кореро анҷом медиҳем бояд ба хотири оила, фардои оила ва манфиати оила анҷом дода шавад.    

Дар интиҳо сардори Сарраёсат аҳли кормандонро бо Якуми  Май – Иди якдилии меҳнаткашон ва Рӯзи оила табрику таҳният намуда, ба њар яки онҳо тани сиҳат, зиндагии орому осуда, хонаи обод, файзу баракат ва ризқу рӯзии фаровон орзу намуд.

Ҷамъомад оиди иҷрои барқияи таъҷилии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1Имрӯз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси барқияи таъҷилии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2024, 65, ки дар асоси барқияи ҳукуматӣ аз 15 марти соли 2024 оид ба расонидани мазмуну муҳтавои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 марти соли 2024 дарКохи Ваҳдатдар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуданд, ҷамъомад баргузор гардид.

Муфассал...

Рӯзи Модар муборак!

8 march