Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат!

Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он тамоми кормандони Сарраёсат ва омори шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, дар оғоз Суруди миллиро ба таври озод хонданд.

Подробнее...

Ҷаласаи ғайринавбатӣ дар мақомоти омори вилоят

Пас аз мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо намояндагони ҷомеаи вилоят вобаста ба шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон, аз ҷумла  ҳаракатҳои эктримистиву террористӣ бо иштироки кормандони Сарраёсати Агентии  омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҷлиси ғайринавбатӣ баргузор гардид.

Подробнее...

Макомоти омори вилоят аз фаъолияти нухмохаи соли равон натиҷагирӣ намуд

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи васеи мушовараи макомоти омор бо иштироки рохбарони раёсату шуъбахои омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба ҷамбасти фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2019 баргузор гардид.  

Подробнее...

Ҷаласаи сеюми Комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд дар соли 2020

Имрӯз дар толори “Қасри фарҳанг”-и шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини Раиси вилояти Суғд-муовини раиси Комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, муҳтарам Анвар Яъқубӣ ҷаласаи сеюми Комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд дар соли 2020 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин, аъзоёни комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ, муовинони раиси шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои Сарраёсати омори вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Муфассал...

Табрикоти Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Бистуҳаштсолагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанон муборакбод намуда, бароятон саломатии бардавом, рўзгори босаодат, хушињои умр ва ба Тољикистони азизу муќаддас осмони софу беѓубор ва вањдати љовидонї таманно дорам.

Бо шарофати Истиқлолият Тоҷикистони мо ба маркази баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ табдил ёфт ва ташаббусҳои наҷибу пешниҳодҳои мушаххаси кишвари мо боиси афзудани эътибори ҷаҳонии он гардид. Истиқлолият барои фаъолият ва ташаббускорию ташкилотчигӣ, бунёдкорию созандагии мардуми кишвар шароити мусоид ба вуҷуд овард ва маҳз ҳамин неъмати бузурги бебаҳои замони муосир барои халқи тоҷик гаронбаҳотарин армуғони тақдир мебошад.

Муфассал...