Муовини сардори Сарраёсат
13 июли соли 1983, дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 2005 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 2002 дар вазифаи мудири қисми протоколии шуъбаи умумии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Солҳои 2008 – 2011 мутахассиси пешбари бахши маъмурӣ - ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд шуда кор кардааст.
Аз 2011 – то соли 2012 дар вазифаи мутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст. Соли 2012 ба вазифаи мутахассис ва соли 2013 ба вазифаи мудири бахши ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд таъин мегардад.
Солҳои 2014-2016 дар вазифаи Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.
Аз апрели соли 2017 то ҳол дар мансаби муовини сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор мекунад.
Оиладор аст. Сохиби 3 фарзанд.