• Саҳифаи аслӣ
  • Натиҷагири аз нимсолаи якуми соли 2019 дар мақомоти омор

Натиҷагири аз нимсолаи якуми соли 2019 дар мақомоти омор

Имрӯз дар мақомоти омори вилоят Ҷаласаи васеи мушовараи  Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда то охири соли 2019 бо иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа баргузор гардид.

 

Тибқи рӯзномаи якуми ҷаласа сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода баромад намуда, доир ба бурду бохти мақомоти омор маърӯза намуд. Ӯ қайд кард, ки мувофиқи “Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2019” ҳамагӣ 6,4 ҳазор адад корҳои оморӣ аз ҷониби кормандон иҷро гардида, 158 адад маҷмӯа ва буллетенҳои соҳавӣ таҳия шуд. Инчунин ахбор оид ба “Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд” дар рӯзномаҳои маҳаллии “Ҳақиқати Суғд”, “Согдийская правда” ва “Суғд Ҳақиқатӣ” нашр ва дастраси хонандагон гардидааст.

Сипас оид ба рафти иҷрои корҳои тайёрӣ ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд дар соли 2020, сардори Раёсати барӯйхатгирии аҳолӣ-Турсунбоева Инобат маърӯзаи худро идома дод.

Бо мақсади босифат ва дар сатҳи баланд гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд дар соли 2020 ҳисси масъулиятнокӣ зоҳир намуда, баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилоят вобаста ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Дар натиҷаи корбарии мунтазам ва назорати рафти корҳои аниқ намудани номи кӯчаҳо, рақами хонаҳо дар манзилҳои маҳалҳои шаҳрӣ, деҳаҳои калон, рафти корҳои тартиб додани маводҳои картографӣ ва тафтиши дурустӣ, то 1 июли соли ҷорӣ аз 3122 кӯчаю тангкӯчаҳои шаҳр, шаҳрак ва деҳаҳои калон ҳамагӣ 3017 кӯча ва ё 96,6 фоиз, аз 195494 хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ ҳамагӣ 189433 ё 96,9 фоиз ба тартиб дароварда, лавҳаю рақамгузорӣ шудааст.

Дар хотима, аз ҷониби Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа оид ба сифатнокии рақамҳои оморӣ ва иҷрои саривақтии Барномаи корҳои оморӣ дар соли 2019 ба масъулини соҳаҳо як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.