• Саҳифаи аслӣ
  • Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаи “Тути калон”-и шаҳри Хуҷанд

Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаи “Тути калон”-и шаҳри Хуҷанд

Субҳи имрӯз аз тарафи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаи “Тути калон”-и шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Баруйхатгирандагон давоми чанд рӯз дар маҳаллаи “Тути калон”-и шаҳри Хуҷанд кори худро давом дода шумораи аслии аҳолӣ ва фонди манзили ин маҳалларо муайян менамоянд.

Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил, бо тарзи варакаҳо ва барномаҳои махсуси электронӣ, ки ба планшетҳо насб шудааст коркард гардида истодаанд.

Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил бо ташаббуси Сарраёсати Агентии омори назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва розигии Директори Агентии омори назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда истодааст.

Тибқи маълумотҳои пешаки дар маҳаллаи “Тути калон” 1726 хона ва зиёда аз 8124 нафар аҳоли мавҷуд мебошанд.