• Саҳифаи аслӣ
  • Семинари дастурдиҳӣ оид ба гузаронидани Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаи “Тути колон”-и шаҳри Хуҷанд

Семинари дастурдиҳӣ оид ба гузаронидани Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаи “Тути колон”-и шаҳри Хуҷанд

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари дастурдиҳӣ оид ба гузаронидани Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор гардид. Семинари мазкур бо иштироки кормандони Сарраёсат ва Раёсату бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳои вилояти сугд гузаронида шуда, дар рафти семинар тарзи дуруст пур намудани варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз тарафи мутахассисон ба иштирокчиёни семинар ба таври амалӣ нишон дода шуд. Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаи “Тути колон”-и шаҳри Хуҷанд аз тарафи кормандони омори вилоят гузаронида мешавад. Дар рафти Барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил, баруйхатгириандагон аз варакахо ва планшетхо истифода менамоянд.