Истиқлолият неъмати бебаҳост

Субҳи имрӯз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чорабинии идона бахшида ба ифтихори ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода аҳли ҳозиринро ба истиқболи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мардуми кишвари азизамон санаи тақдирсоз мебошад, табрику таҳният намуд.