• Саҳифаи аслӣ
  • Ҷаласаи сеюми Комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд дар соли 2020

Ҷаласаи сеюми Комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд дар соли 2020

Имрӯз дар толори “Қасри фарҳанг”-и шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини Раиси вилояти Суғд-муовини раиси Комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, муҳтарам Анвар Яъқубӣ ҷаласаи сеюми Комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд дар соли 2020 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин, аъзоёни комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ, муовинони раиси шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои Сарраёсати омори вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

 

Дар ҷаласаи мазкур сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода оид ба корҳои ба анҷомрасонида ванатиҷаи пешакии барӯйхатгирии таҷрибавии аҳолӣ ва фонди манзил, ки дар маҳаллаи “Тути калони”-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шудааст, ҳисобот пешниҳод намуд.

Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин оид бамаъракаи муҳими умумидавлатӣ, барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, ки ҳар 10 сол як маротиба гузаронида мешавад, рафти корҳои давраи тайёрӣ ба ин маъракаи сиёсӣ, ҳолати маблағгузорӣ ва пардохти он барои лавҳаю рақамгузорӣ, тайёр кардани маводҳои картографӣ ва дигар ҷабҳаҳо изҳори ақида  намуд.

Дар фарҷоми ҷаласаи мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 муовини Раиси вилоят муҳтарам Анвар Яъқубӣ оид ба бартараф намудани камбудиҳо ва ба итмом расонидани корҳои тайёрӣ ба шахсони масъули шаҳру ноҳияҳои вилоят дар муҳлатҳои муайяншуда, дастур дод.