Семинари омӯзишӣ
Дата публикации: .
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019, №1356 аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Бо мақсади дарсатҳи баланд ва босифат гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз усулҳои пурсиши анъанавӣ, истифода аз планшет ва тариқи интернет-пурсишро ба роҳ монад. Вобаста ба ин дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки кормандони мақомоти омори вилоятсеминари омӯзишӣ баргузор гардид.
Муфассал...
Мақомоти омор аз фаъолияти 6 моҳаи аввали соли 2020 натиҷабардорӣ намуд
Дата публикации: .
Имрӯз ҷаласаи васеи мушовараи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2020 бо иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва роҳбарони раёсату шуъбаҳои омори Сарраёсат ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.
Муфассал...
Мақомоти омори вилоят аз фаъолияти семоҳаи худ натиҷабардори карданд
Дата публикации: .
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи васеи мушовараи мақомоти омор бо иштироки роҳбарони раёсату шуъбаҳои омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба ҷамбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли 2020 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа иштирок намуда, оид ба сифатнокии рақамҳои оморӣ ва иҷрои саривақтии Барномаи корҳои оморӣ дар соли 2020 ба масъулини соҳаҳо як қатор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Подробнее...
Таҷлили Рӯзи модар
Дата публикации: .
Рӯзи модар дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гадида аз тарафи роҳбарият табрикоти самимӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Подробнее...
Семинари омӯзиши
Дата публикации: .
Дирӯз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари омӯзишӣ аз тарафи гурӯҳи кории кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини директори Агенти Давлатзода Қиёмиддин бо иштироки сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои Сарраёсат ва роҳбарони раёсату шуъбаҳои омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.
Подробнее...