Ҷаласаи ғайринавбатӣ дар мақомоти омори вилоят

Пас аз мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо намояндагони ҷомеаи вилоят вобаста ба шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон, аз ҷумла  ҳаракатҳои эктримистиву террористӣ бо иштироки кормандони Сарраёсати Агентии  омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҷлиси ғайринавбатӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур муовини сардори Сарраёсат оид ба тағйиру таҳаввулоти босуръати байнидавлативу байнимаҳзабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти миллат  баромад намуда, чунин қайд кард.

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии роҳбарияти олии мамлакат мебошад. Имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣқабул ва мавриди амал қарор доранд, ки стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо маҳсуб мешаванд.

Имрӯз кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз воқеияти ҷаҳонӣ бетараф набуда, дар радифи дигар мақомотҳо бо ин зуҳуроти марговар мубориза мебаранд. Ва барои ҳаёти осоиштаи мардуми шарафманди тоҷик, ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандон бо тамоми кӯшишу ғайрат фаъолияташон дар сати баланд ба роҳ мемонанд.