• Саҳифаи аслӣ
  • Табрикоти Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Бистуҳаштсолагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанон муборакбод намуда, бароятон саломатии бардавом, рўзгори босаодат, хушињои умр ва ба Тољикистони азизу муќаддас осмони софу беѓубор ва вањдати љовидонї таманно дорам.

Бо шарофати Истиқлолият Тоҷикистони мо ба маркази баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ табдил ёфт ва ташаббусҳои наҷибу пешниҳодҳои мушаххаси кишвари мо боиси афзудани эътибори ҷаҳонии он гардид. Истиқлолият барои фаъолият ва ташаббускорию ташкилотчигӣ, бунёдкорию созандагии мардуми кишвар шароити мусоид ба вуҷуд овард ва маҳз ҳамин неъмати бузурги бебаҳои замони муосир барои халқи тоҷик гаронбаҳотарин армуғони тақдир мебошад.

Моро мебояд, ки дар асоси сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлатамон, барои шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон кӯшиш намоем. Ва ин лаҳза мехоҳам аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода бурда, ба Шумоён таъкид намоям: “Ҳар шахсе, ки нангу номус дорад, худро соҳиби Ватан ва миллат мешуморад, бояд бо сохтани иморате, бунёди корхонае, кушодани роҳе, обод кардани маконе, ҳатто шинонидани дарахте аз худ нақше боқӣ гузорад. Сангеро аз сари роҳ дур афканад, дасти афтодаеро бигирад, ҳоҷати бечораеро барорад, бо амали шоиста номи худ ва номи миллату Ватанро баланд бардорад”.

Бори дигар бо истифода аз фурсати муносиб ҷашни Истиқлолияти давлатиро табрику таҳният намуда, орзуманди онам, ки хуршеди озодию истиқлолият ба хонадони ҳар як тољику тоҷикистонӣ то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад!

Идатон муборак ҳамдиёрони азиз!

Сардори Сарраёсати Агентии
омори назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар вилояти Суғд                                           Ҳокимбек Накҳатзода