Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади таъмини саҳеҳияти маълумот, такмили он ва сари вақт дастрас намудани ҳисоботи оморӣ аз ҷониби ташкилоту муассиса ва корхонаҳо ба шаҳру ноҳияҳо рафта, бо субектҳои ҳисоботдиҳанда вохурию машваратҳои корӣ доир менамояд.
Мувофиқи супориши роҳбарияти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гурӯҳи корӣ иборат аз кормандони шуъбаи омори савдо ва наќлиёт, алоқа ва хизматрасонӣ сафари корӣ анҷом доданд.
Бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ва шиносоӣ бо вазъи омода, таҳия ва пешниҳоди маълумоту ҳисоботи оморӣ кормандони шӯъбаи сохтмони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо фаъолияти ҷамоатҳои Халифа Ҳасан ва Чинори шаҳри Панҷакент шинос шуданд.