• Саҳифаи аслӣ
  • Ҳисоботи омории меҳмонхонаҳои шаҳри Панҷакент беҳтар мешаванд.

Ҳисоботи омории меҳмонхонаҳои шаҳри Панҷакент беҳтар мешаванд.

H0stel Sal0MСарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади таъмини саҳеҳияти маълумот, такмили он ва сари вақт дастрас намудани ҳисоботи оморӣ аз ҷониби ташкилоту муассиса ва корхонаҳо ба шаҳру ноҳияҳо рафта, бо субектҳои ҳисоботдиҳанда вохурию машваратҳои корӣ доир менамояд.

  Мувофиқи супориши роҳбарияти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гурӯҳи корӣ иборат аз кормандони шуъбаи омори савдо ва наќлиёт, алоқа ва хизматрасонӣ сафари корӣ анҷом доданд.

Ҳайати корӣ бо мақсади дуруст ва сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳои омории соҳа, мушаххас намудани шумораю  рўйхати меҳмонхонаҳо дар шаҳри Панчакент, бо роҳбарияти «Меҳмонхонаи Зарафшон», «Бешазор» ва хостели «Салом» мулоқоти корӣ анҷом дод. Ба масъулини ин ташкилотҳо моҳият ва тарзи пур кардани ҳисоботи семоҳаи шакли 1-СХС ҳисобот дар бораи (Фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ) фаҳмонида дода шуд.