Семинари омӯзишӣ пурмаҳсул гузашт.

SeminarTursunz

Дар шаҳри Турсунзода дар  мавзўи «Барномаи барўйхатгирии  санҷишии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли 2018», бо дастгирии молиявии Хазинаи  нуфузи  Созмони Миллали Муттаҳид  барои  роҳбарони маќомоти маҳалли омор ва мутахассисиони барўйхатгирии аҳолӣ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. 

 Дастурдиҳии омўзиширо  муовини аввали директори Агентӣ  Шодмон Шокирзода  оѓоз намуда,    доир ба аҳамияти «Барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018»- изҳори назар кард. Сардори Раёсати барўйхатгирии аҳолии Агентии омор  Ворис Муродов  дар мавзуъи «Барномаи барўйхатгирии  санҷишии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли 2018» маълумоти муфассал дод. Номбурда  ҷиҳати сари вақт босифат иҷро намудани тамоми нақшаю чорабиниҳо ва    корҳои  омодагӣ   дар доираи  «Ба рӯйхатгирии санҷишӣ»  дастур дода,  барои боло бурдани савияи дониши кормандони масъул  маслиҳатҳои муфид  дод.

Ҳамчунин барномаи  барӯйхатгирии санҷишӣ, ки дар микроноҳияҳои № 64 ва 91-и  шаҳри Душанбе ва    дар шаҳри Норак пешбинӣ шудааст, мавриди омӯзиш таҳлил ва муҳокимаи иштирокчиёни семинари дастурдиҳӣ қарор гирифт.

Ҳайати кормандони мақомоти омори вилояти Суғд дар ин чорабинӣ фаъолона ширкат намуда ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас ва касбӣ гирифтанд.