• Саҳифаи аслӣ
  • Дар мақомоти омори вилоят ҷаласаи идона доир гашт.

Дар мақомоти омори вилоят ҷаласаи идона доир гашт.

Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавии кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар назди ҳозирон бо суханони табрикӣ ва маърӯзаи идона сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода баромад намуд.

8888Дар баромади худ номбурда зикр намуд, ки Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни чуғрофӣ нест. Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирўзу имрузу фардо, пос доштани хотираи неки аҷдодон, хифз ва гиромидошти мероси таърихиву фарҳанги ва саъю талоши пайваста ба хотири пешрафти давлату миллат ва ободии Ватани аҷдодист. Шоёни қайд аст, ки дар ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарофати сиёсати хирадмандона ва ободгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола корҳои созандагию ободкорӣ бо маром идома дорад. Дар вилоят бошад раванди корҳои созандагию ободкорӣ бо кӯшишу талошҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Ахмадзода ҳамарӯза вусъати тоза гирифта, бо маром идома дорад. Ҳамзамон кормандони саридора Хосият Алибоева, Муҳаммадҷон Ҳайдаров ва чанде дигарон доири эҳтиром ва гиромидошти арзишҳои Истиқлолияти давлати андешаҳои худро баён намуданд.