Ҳушёрии сиёсӣ масъулият аст.

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи корӣ бо иштироки кормандони саридора баргузор гардид.

 

77771Сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода ба маълумот ҳозирон расонд, ки санаи 29 июли соли равон аз ҷониби якчанд нафар хоинони миллат ҳамлаи террористӣ ба гуруҳи сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара  сурат гирифт.

Дар ин замина таъкид гардид, ки новобаста аз он, ки дар таърихи кишвари мо рӯзҳои хеле вазнин, ҷангу талошҳо ва хавфу таҳдидҳои дохилї ва берунӣ лек то имрӯз ҳастанд нафарон ва гурӯҳҳое, ки мехоҳанд вазъи кишварро ноором сохта, дар назди ҷаҳониён Тоҷикистонро чун кишвари ноамн намоиш диҳанд.

 Табиист, ки онҳо бо ин амали нангини худ мехостанд ба эътибору оромии пойдори кишвар зарба зананд ва мардумро бовар кунонанд, ки онҳо имконияти халалдор намудани эътибори давлату ҳукуматро доранд. Лекин чун ҳар яки мо воқиф гаштем, чанде аз аъзоёни ин  гурӯҳ  нобуд  карда шуда, қисми дигар дастгир карда шуданд. Зеро имрӯз давлат, мардум ва ҳукумати кишвар тавоноии комили таъмини осоиштагии мардум ва ҳимояи тамоми дастовардҳои худро дорад.

Дар идомаи суханронии Ҳокимбек Накҳатзода, чанде аз кормандон низ баромад намуда, ин амлҳои нангинро қатъяин маҳкум намуданд.

             Баромадкунандагон иброз намуданд, ки дар баробари тамоми мардуми диёрамон ҳамагуна амалу рафтор ва муносибатҳои зиддидавлатиро маҳкум  намуда, минбаъд ҳар як корманди мақомоти омор чун кормандони мақомоти давлатӣ барои таъмини ваҳдат сулҳу пешравии диёрамон ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, тамоми мардумро даъват менамоем, ки фирефтаи андешаю мавқеи ҳамагуна гуруҳҳои ғаразнок нашуда, мавқеи устувор дошта бошанд. Зеро барои ҳар як фарди ватандӯст бояд манфиати миллат, давлат ва осоиштагии кишвар бояд аз ҳама муҳим бошад.