Шиносоии донишҷӯён бо фаъолияти оморчиёни вилоят.
Дата публикации: .
Баробари фаъолияти пурсамар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои таҷрибаомӯзӣ ва донишомӯзии муассисаҳои таълимии олии кишвар саҳми худро мегузорад. Ин навбат мулоқоти омӯзгорон ва 20 нафар донишҷӯёни соли аввали Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак. М Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарият ва сардорони раёсати Сарраёсат баргузор гардид.
Сардори Саррёсат Ҳокимбек Накҳатзода ба донишҷӯён доир ба ҳадафу самти фаъолият, инчунин сохторҳои он дар маҳалҳо ва тарзу намуди ҳисоботу нишондиҳандаҳо маълумоти муфассал дод. Ҳамчунин сардорони раёсатҳои меҳнату демографӣ, кишоварзӣ ва савдо бобати самти фаъолият, ҳамкории худ бо ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои ҳисоботдиҳанда иттилоъ доданд. Дар анҷоми мулоқот донишҷӯён имкон доштанд ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гиранд.
Санҷиши байниидоравӣ дар вилоят
Дата публикации: .
Бо мақсади муайян намудани замини кишти картошка ва пахта гуруњи кории байниидоравӣ иборат аз намояндагони Кумитаи идораи заминсозӣ, Раёсати кишоварзӣ ва Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Ашт ва Мастчоҳ санҷиши корӣ анҷом доданд. Њайати корӣ ба се гуруҳ тақсим шуда аз тамоми хоҷагиҳои ҷамоатҳои шаҳру ноҳия дидан намуда, нақшаи дурнамо, иҷроиши нақша ва ҳолати кунунии кишти пахтаю картошкаро аз назар гузаронида таҳлил намуданд. Гуруҳи корӣ дар баробари натиҷаҳои хуб, ҳамчунин чанде аз камбудиҳоро низ ошкор намуданд, ки дурустии нишондиҳандаҳоро коста мегардонад. Гуруҳи корӣ ҳангоми фаъолияти санҷишии худ дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои зикргардида камбудиҳо доир ба аз ҳисоботи оморӣ берун монадани замин, майдонҳои кишти зироат, мувофиқ наомадани масоҳати замин ба ҳисоботи омории хоҷагиҳо муайян карда шуд.
Пурсиши шуғлнокии аҳолӣ натиҷагирӣ мешавад.
Дата публикации: .
Дар вилоти Суғд пурсиши сартосарии хонаводаҳо оид ба вазъи шуғли ҳар як хонаводаи синни аз 15 то 75-сола ба анҷом расида марҳилаи таҳлилу ҷамбасти нишондиҳандаҳо идома дорад.
муфассал
Сарраёсати омори вилоят аз фаъолияти семоҳаи худ натиҷагирӣ намуд.
Дата публикации: .
Дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи мушовараи Сарраёсат баргузор гардид. Ҷаласа таҳти садорати Ҳокимбек Накҳатзода - сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оғоз шуд. Ҳамчунин дар кори маҷлис муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Шодмон Шариф, муовини сардори Сарраёсат, сардорони раёсату шуъбаҳои Сарраёсат ва шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд. Ҳозирин мувофиқи рўзномаи ҷаласа масъалаҳои натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2018 ва дигар масъалаҳои ҷориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муфассал...
Ба Директори Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарама Њасанзода Г.К.
Дата публикации: .
Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки давоми соли 2017 нисбати 297 нафар субъектњои хољагидор аз љониби раёсату шуъба
Муфассал...