Сарраёсати омори вилоят ба ҷамоатҳо кӯмаки методӣ мерасонад

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати таъмини сатҳу сифати баланди ҷамъоварӣ,таҳия, коркард ва пешниҳоди маълумоти оморӣ дар маҳал ба кормандони ҷамоату шаҳрак кумаки амалию методӣ мерасонад.

Бо мақсади ба шакли электронӣ гардондани китобҳои хоҷагӣ дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон, ҷамоатҳои Деҳмой ва Ғулакандози ноҳия Ҷ Расулов семинари дастурдиҳӣ омӯзишӣ баргузор гардид.

Муовини сардори Сарраёсат Умедахон Муродӣ ба кормандони масъули ҷамоат бобати аҳамият ва тарзи истифодабарии барномаи махсуси баҳисобгирии компютерӣ, ки дафтарҳои хоҷагиро иваз менамояд, маълумоти муфассал дод.

Подробнее...

Тамошои оилавии Паём

Шоми 25 январи соли равон тавассути шабакаи «Тоҷикистон» Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран намоиш дода шуд. Кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо аҳли оилаи худ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо намуданд.

Муфассал...

Паёми Пешвои миллат роҳнамои мост

Ҷаласаи навбатии кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба шарҳу тафсири Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда буд.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ширкат ва баромад намуд.

Номбурда бобати нуктаҳои муҳими дар Паём зикргардида андешаҳои худро баён дошта,таъкид намуд,ки тамоми натиҷаю дастовардҳои кишвари мо маҳз бо саю талош ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Подробнее...

Маҷлиси ҳисоботии Сарраёсати омор баргузор гардид

2Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чаласаи ҷамбастии Сарраёсат доир ба натиҷаҳои фаъолияти он дар соли 2018 баргузор гардид.

Дар ҷаласа директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ширкат намуд.

Қабл аз оғози кори ҷаласа Гулнора Ҳасанзода 26 адад компютерҳои замонавӣ аз ҷумла ноутбук ва 7 адада принтерро ба сардорони раёсату шуъбаҳои омори якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд супорид.

Муфассал...

Базми солинавии кӯдакон дар Сарраёсати омор

Ба истиқболи соли нави мелодӣ бо ташаббуси Иттифоқи касаба ва дастгирии роҳбарияти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои кӯдакону наврасон чорабинии солинавӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода иштирокдорони базми солинавиро бо фарорасии соли 2019 табрик намуд.

Дар чорабинӣ бештар аз 100 нафар фарзандони кормандони Сарраёсат ширкат намуда, бо хондану шеъру суруд ва намоиши саҳначаҳои солинавӣ барномаи солинавиро рангин намуданд.

Ба кӯдакон қанду шириниҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии солинавӣ супорида шуд.