Вохӯри бо кормандони муваққатии баӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар шаҳри Истаравшан

Имрӯз ҷиҳати сари вақт ва ҷоннок намудани кор оиди барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил дар соли 2020 ва тақвият бахшидан дар самти интернет-пурсиш вохӯрии сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Накҳатзода бо мудирони шуъба ва дастурдиҳанда-назоратчиёни барӯйхатгирии аҳолӣ ва кормандони мақомоти омори шаҳри Истаравшан баргузор гардид.

Муфассал...

Вохӯри бо кормандони муваққатии баӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ғайринавбатии Сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек бо кормандони мақомоти омори шаҳри Хуҷанд ва мудирони шӯъба ва дастурдиҳанда-назоратчиёни баӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил дар соли 2020 оиди тақвият бахшидани рафти барӯйхатгиии аҳолӣ тариқи интернет-пурсиш баргузор гардид.

Муфассал...

Вохӯрӣ бо намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсат чорабини бахшида ба ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати милли -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷрояи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Муфассал...

ҶаласаиКомиссияи вилоятии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 дар вилояти Суғд

Имрӯз дар толори «Қасри фарҳанг»-и шаҳри Хуҷандҷаласаи навбатииКомиссияи вилоятии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣва фонди манзили вилояти Суғддар соли 2020 бо иштирокимуовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонҚиёмиддин Давлатзода гузаронида шуд. Дар онаъзоёни Комиссияи вилоятии мусоидати баруйхатгирии аҳолӣ– роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоят,муовинони раиси шаҳру ноҳияҳо,сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои мақомоти омори вилоят иштирок намуданд.

Муфассал...

Намуна барои хонаи (хавлии) истиқоматии инфиродӣ.

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд намунаи тарзи пур намудани саволномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020-ро, ки бо тариқи интернет–пурсиш омода гардидааст пешниҳод менамояд. Интернет-пурсиш аз санаи 1 то 7 октябри соли 2020 гузаронида мешавад.

Шумо метавонед ба сомонаи www.aholi.tj ворид шуда тугмачаи азқайдгузарї (авторизация) аз рӯи суроғаро пахш намуда дар оинаи кушодашуда суроғаи маҳалли зистро ворид кунед ва ҳангоми пахши дархости рамз, рамзи махфи ба рақами телефоне, ки шумо ворид кардаед ба намуди СМС-паём ирсол мегардад. Баъдан Шумо метавонед пас аз пахши тугмачаи ОК ба сатри номи истифодабаранда рақами телефон ва ба сатри рамз, рамзи махфие, ки ба телефони Шумо омада буд дохил намуда, ба сомона ворид шавед.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар баргузории барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил фаъолона иштирок намуда, сањми худро дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари маҳбубамон гузоред.

Намуна барои хонаи (хавлии) истиқоматии инфиродӣ.