Семинари омӯзишӣ

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019, №1356 аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Бо мақсади дарсатҳи баланд ва босифат гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз усулҳои пурсиши анъанавӣ, истифода аз планшет ва тариқи интернет-пурсишро ба роҳ монад. Вобаста ба ин дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки кормандони мақомоти омори вилоятсеминари омӯзишӣ баргузор гардид.

 

Дароғози семинар сардори Сарраёсат зикр намуд, ки усули интернет-пурсиш тақозои замон буда, дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили таҷрибавӣ ба тариқи интернет-пурсиш гузаронида мешавад.Бояд қайд кард, киҳангоми ворид намудани маълумотҳоаз ҷониби шаҳрвандон бо чунин усул дар давраи барӯйхатгирии аҳолӣва фонди манзил дар хонаводаҳопурсиш гузаронида намешавад. 

Инчунин дар ҷараёни семинари омӯзишӣ аз ҷониби барномасози Сарраёсат тарзи дуруст пур кардани саволномаҳоибарӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилбатариқи интернет-пурсиш ба иштирокчиён фаҳмонида шуд.