Мақомоти омори вилоят аз фаъолияти семоҳаи худ натиҷабардори карданд
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи васеи мушовараи мақомоти омор бо иштироки роҳбарони раёсату шуъбаҳои омори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба ҷамбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли 2020 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа иштирок намуда, оид ба сифатнокии рақамҳои оморӣ ва иҷрои саривақтии Барномаи корҳои оморӣ дар соли 2020 ба масъулини соҳаҳо як қатор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.