Намуна барои хонаҳои бисёрошёна

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд намунаи тарзи пур намудани саволномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020-ро, ки бо тариқи интернет–пурсиш омода гардидааст пешниҳод менамояд. Интернет-пурсиш аз санаи 1 то 7 октябри соли 2020 гузаронида мешавад.

Шумо метавонед ба сомонаи www.aholi.tj ворид шуда тугмачаи азқайдгузарї (авторизация) аз рӯи суроғаро пахш намуда дар оинаи кушодашуда суроғаи маҳалли зистро ворид кунед ва ҳангоми пахши дархости рамз, рамзи махфи ба рақами телефоне, ки шумо ворид кардаед ба намуди СМС-паём ирсол мегардад. Баъдан Шумо метавонед пас аз пахши тугмачаи ОК ба сатри номи истифодабаранда рақами телефон ва ба сатри рамз, рамзи махфие, ки ба телефони Шумо омада буд дохил намуда, ба сомона ворид шавед.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар баргузории барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил фаъолона иштирок намуда, сањми худро дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари маҳбубамон гузоред.

Намуна барои хонаҳои бисёрошёна.

 

Ҷаласаи кори бо сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳои вилоят

Ҷаласаи кории Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба тартиби гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 гузаронида шуд. Дар он маърӯзаи сардорони омори маҳалли оид ба корҳои ба анҷомрасонида шунида шуда, аз ҷониби сардори Сарраёсат ҷиҳати беҳтар намудани кор вазифагузорӣ карда шуд.

Муфассал...

Ҷаласаи навбатии комиссияи шаҳрии мусоидати барӯйхатгирии аҳолии шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии комиссияи шаҳрии мусоидати барӯйхатгирии аҳолии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур тартиби гузаронидани барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил барраси гардид.

Муфассал...

Ҷаласаи кори

Ҷаласаи кории Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо кормандон-сарпарастони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии аҳоли ва фонд манзил дар соли 2020.

Муфассал...

Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили таҷрибавӣ тариқи интернет пурсиш