Аёдати иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони меҳнат

Имрӯз Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳбари гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани, собиқадорони меҳнат ва якчанд нафар аз қабили маъюбону ятимон ва барҷомондагонро аёдат намуда, бо сокинони ноҳия мулоқотҳо ба анҷом расонида арзи сипосу миннатдории Сарвари давлатро ба мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати иштироки фаъолона дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлат  оид ба сарфакорона ва оқилона истифода намудани нерӯи барқ, риояи ҳатмии қоидаҳои зиидди сухтор, худдорӣ намудан аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои серхароҷот қайд карда гузашт.

Муфассал...

Машварати корӣ

Машварати кории Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳияи Ҷаббор Расулов бо роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов.

Муфассал...

Аёдати ниёзмандон аз тарафи Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зимни идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа якчанд ятиму бепарастор ва эҳтиёҷмандонро аёдат намуданд.

Муфассал...

Ҷаласаи кории Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Субҳи имрӯз ҷихати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳбари гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, бо роҳбарияти ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, зиёиён, фаъолони ноҳия мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Муфассал...

Ҷаласаи 61-ум маҷозии Шӯрои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

18 декабри соли 2020 Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии –Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар ҷаласаи 61-уми Шӯрои роҳбарони мақомотии омори давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  тариқи маҷозӣ ширкат варзиданд.

Дар кори ҷаласаи мазкур роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ИДМ, аз ҷумла Арманистон, Белоруссия, Озарбойҷон, Қазокистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин роҳбарияти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ иштирок намуданд.

Муфассал...