• Саҳифаи аслӣ
  • Вохӯрӣ бо намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар маҷлисгоҳи Сарраёсат чорабини бахшида ба ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати милли -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷрояи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Сардори Сарраёсат баҳри ҷонибдории номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои худро баён намуда, зикр намуд, ки бо назардошти дастоварду пешравиҳо ва маҳсули заҳмати софдилонаи ин чеҳраи таърихӣ дар давлатдории миллӣ, ба интихоби ин абармард ва фарогири барномаи мукаммали тамоми соҳаҳо саҳифаи тозае дар умури давлатдории навини кишвар боз хоҳад шуд.

Ҳамзамон раиси Кумитаи иҷрояи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Маликисломӣ Наим Мунаввар низ дар васфи Пешвои миллат суханронӣ намуда, барои интихоби номзадии арзанда овоз додани кормандони мақомоти омор даъват ба амал овард.  

Сипас, муовини сардори Сарраёсат Муродӣ Умедахон ва корманди саридора Алибоева Хосиятҷон оид ба бузургтарин дастовардҳои даврони истиқлолият, ки бо саҳми босазо ва сиёсати ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст, андешаҳои худро баён намуданд.