• Саҳифаи аслӣ
  • ҶаласаиКомиссияи вилоятии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 дар вилояти Суғд

ҶаласаиКомиссияи вилоятии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 дар вилояти Суғд

Имрӯз дар толори «Қасри фарҳанг»-и шаҳри Хуҷандҷаласаи навбатииКомиссияи вилоятии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣва фонди манзили вилояти Суғддар соли 2020 бо иштирокимуовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонҚиёмиддин Давлатзода гузаронида шуд. Дар онаъзоёни Комиссияи вилоятии мусоидати баруйхатгирии аҳолӣ– роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоят,муовинони раиси шаҳру ноҳияҳо,сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои мақомоти омори вилоят иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкурсардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода оид ба тартиби гузаронидани барӯйхатгирииаҳолӣва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ маърӯза намуд. 

Сардори Сарраёсат зикр намуд, ки чорабинии баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз 1 то 15 октябри соли 2020 пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, иштирокчиёнрохоҳиш намуд, ки баҳри иҷрои корҳои дар пеш истода масъулиятнокиро бештарзоҳир намоянд ва барои бомуввафақият гузаронидани ин маъракаи умумидавлатии сиёсӣ саҳмгузор бошанду иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.

Дар интиҳо муовини Директори Агентӣ миннатдории роҳбарияти Агентиро ба роҳбарияти вилоят ва аъзоёни ситоди вилоятӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои омодаги ба барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар вилоят расонид.