Оморчиёни вилояти Суғд тарзи нави ҳисоботро меомўзанд.
Дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари омӯзишӣ оид ба гузариш аз намуди ҳисоботдиҳии «ТУНФИ-1» ба намуди ҳисоботии марҳилаи дигар, - «ТУНФИ-2»
ва актуаликунонии регистри оморӣ бо истифода аз маълумоти ҳисоботи электронӣ оғоз гардид.
Мақсади семинар такмили ихтисос ва омӯзиши кормандони мақомоти омори вилоят барои таҳияи ва қабули шакли нави ҳисоботи «ТУНФИ-2» аст. Чунин тарзи ҳисобот яке аз талабот ва стандартҳои байналмилалии оморӣ ба ҳисоб рафта, таҳлилу таҳияи маълумоту нишондиҳандаҳо пурра ба таври электронї сурат мегирад.
Ба иштирокдорон давоми ду рӯз масъулини Раёсати регистри корхонаҳо, ташкилот, таснифот ва ташкили ҳисоботи омории Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Раҷабова ва Сулҳия Алифбекова доир ба ҷанбаҳои муҳим ва афзалиятноки марҳилаи муосири ҳисоботи «ТУНФИ-2» маълумот дод.