• Саҳифаи аслӣ
  • Сарраёсати омори вилоят аз фаъолияти семоҳаи худ натиҷагирӣ намуд.

Сарраёсати омори вилоят аз фаъолияти семоҳаи худ натиҷагирӣ намуд.

2

Дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи мушовараи Сарраёсат баргузор гардид. Ҷаласа таҳти садорати Ҳокимбек Накҳатзода - сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оғоз шуд. Ҳамчунин дар кори маҷлис муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шокирзода Шодмон Шариф, муовини сардори Сарраёсат, сардорони раёсату шуъбаҳои Сарраёсат ва  шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар  шахсони масъул ширкат намуданд. Ҳозирин мувофиқи рўзномаи ҷаласа масъалаҳои натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2018 ва дигар масъалаҳои ҷориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

1Муовини сардори Сарраёсат Умедахон Муродӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2018 ба иштирокдорони ҷаласа маълумоти муфассал дод.

Баъдан сардори Раёсати баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил         И.Турсунбоева оид ба фаъолияти раёсат ва корҳои тайёрии баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 дар давоми семоҳаи якуми соли 2018, ҷиҳати корҳои иҷрошуда оид ба гузаронидани “Пурсиши сартосарии хонаводаҳо оид ба вазъи шуғли ҳар як аъзои хонаводаи синни 15-75 сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”   сардори раёсати омори меҳнат Қ.Шамсиева, сардори шуъбаи аҳолӣ Р.Бобоев, сардори  раёсати омори кишоварзї  М.Шарипова  оид ба муайян намудани замини кишти картошка изҳори назар намуда, аз корҳои ба анҷом расонидашуда маълумоти мухтасар доданд.

Дар охир муовини якуми директори Агентӣ Шокирзода Шодмон Шариф баромад намуда, барои иҷрои нақшаю вазифаҳо ва корҳои ташкилию ободонӣ ва натиҷаи фаъолияти семоҳаи аввали соли равон ба роҳбарият ва кормандон миннатдории худро баён намуд.

Дар интиҳо ҳозирон вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдорро қабул намуданд.