Пурсиши шуғлнокии аҳолӣ натиҷагирӣ мешавад.

20180420 142222Дар вилоти Суғд  пурсиши сартосарии хонаводаҳо оид ба вазъи шуғли ҳар як хонаводаи синни аз 15 то 75-сола ба анҷом расида   марҳилаи таҳлилу ҷамбасти нишондиҳандаҳо идома дорад.

Пурсиши мазкур мувофиқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли равон оғоз гардида, мақсад муайян намудани вазъи шуғлнокии аҳолии   аз синни 15 то 75 солаи вилоят аст.

Барои сари вақт ва босифат баргузор намудани ин тањќиқот  Қарори Раиси вилояти Суғд  аз 15 марти соли 2018, №91 «Дар бораи гузаронидани пурсиши сартосарии хонаводаҳо» ба тавсиб расида,  Ситоди  вилоятӣ таъсис дода шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки барои такмили донишу таҷрибаи масъулини баргузории ин чорабинӣ аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар вилояти Суғд дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакент аввали моҳи март семинари омӯзишӣ доир карда шуд.20180420 142253

Давоми бештар аз як моҳ зиёда аз панҷ ҳазор нафар кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, ҷамоату шаҳрак, шуъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо барои гузаронидани пурсиши мазкур ҷалб карда шуданд.

Пурсиши мазкур мувофиқи 20 намуди нишондиҳадаҳо доир гашта, он маротибаи аввал гузаронида шуд.

Масъулияти таҳлилу натиҷагирии тахқиқот бошад ба зиммаи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гузошта шуда, дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонида мешавад.