• Саҳифаи аслӣ
  • Сарраёсати омори вилоят ба ҷамоатҳо кӯмаки методӣ мерасонад

Сарраёсати омори вилоят ба ҷамоатҳо кӯмаки методӣ мерасонад

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати таъмини сатҳу сифати баланди ҷамъоварӣ,таҳия, коркард ва пешниҳоди маълумоти оморӣ дар маҳал ба кормандони ҷамоату шаҳрак кумаки амалию методӣ мерасонад.

Бо мақсади ба шакли электронӣ гардондани китобҳои хоҷагӣ дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон, ҷамоатҳои Деҳмой ва Ғулакандози ноҳия Ҷ Расулов семинари дастурдиҳӣ омӯзишӣ баргузор гардид.

Муовини сардори Сарраёсат Умедахон Муродӣ ба кормандони масъули ҷамоат бобати аҳамият ва тарзи истифодабарии барномаи махсуси баҳисобгирии компютерӣ, ки дафтарҳои хоҷагиро иваз менамояд, маълумоти муфассал дод.

Дар навбати худ аз ҷониби корманди масъули Сарраёсат истифодаи барномаи мазкур ва тарзи ворид намудану маҳфуз нигоҳ доштани маълумоти оморӣ ба кормандони ҷамоат дарси амалӣ гузаронида шуд.

Лозим ба қайд аст, ки то имрӯз насби барномаи компютерӣ дар ҷамоатҳои ноҳия Зафаробод пурра ба анҷом расида,дар ноҳияҳои Ҷ. Расулов, Спитамен,Б.Ғафуров ва шаҳри Гулистон идома дорад.

Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст давоми нимсолаи аввали соли равон ворид намудани маълумотҳоро ба дафтарҳои хоҷагӣ дар ҷамоату шаҳракҳои вилояти Суғд пурра ба шакли электронӣ гардонад.