• Саҳифаи аслӣ
  • Ҷаласаи дуюми комиссияи вилоятии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ доир гардид

Ҷаласаи дуюми комиссияи вилоятии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ доир гардид

Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ҷаласаи дуюми комиссияи вилоятии мусоидати барӯйхатгирии   аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд дар соли 2020 баргузор гардид.

Оид ба иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 октябри соли 2017, №484 «Дар бораи масъалаҳои комиссияи вилоятии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020» дар вилояти Суғд   ва натиҷаи баҳисобгирии (инвентаризатсия)   саршумори чорво ва боғу токзорҳои вилоят, пур намудан ва ба шакли электронӣ гардондани китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ Cардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Накҳатзода Ҳокимбек Киромидин баромад намуд.

 

Қайд гардид, ки то 1 январи соли 2019 аз 3142 кӯча ва тангкӯчаҳои шаҳру шаҳракҳо ва деҳаҳои калони вилояти Суғд, танҳо 1771 кӯча ва тангкӯча ё 56,4 фоиз ба тартиб дароварда шудааст. Аз он ҷумла ин нишондиҳанда дар шаҳрҳои Хуҷанд 45,4 фоиз, Бӯстон 75,9 фоиз, Гулистон 67,5 фоиз, Истаравшан 56,7 фоиз,Истиқлол 27,3 фоиз, Исфара 83,3 фоиз, Конибодом 56,6 фоиз, Панҷакент 65,4 фоиз, ҳамчунин Айнӣ 91,7 фоиз, Ашт 50,0 фоиз, Б.Ғафуров 61,1 фоиз, Деваштич 44,6 фоиз, Зафаробод 76,3 фоиз, Спитамен 67,3 фоиз, Ҷ.Расулов 59,7 фоиз ва Мастчоҳ 20,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар баробари ин аз ҷониби Ҳокимбек Накҳатзода таъкид гардид, ки то имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят саршумори чорво ва парранда ба анҷом расида, маълумоти оморӣ доир ба ин масъала омода гардидааст.

Ҳамчунин доир ба қарздории муҳлаташ гузашта аз пардохти музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо сардори Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Абдулатиф Қодирӣ, натиҷаи пурсиши ҳавлиҳо ва танзими масъалаҳои муҳоҷирати дохилии ихтиёрӣ ва экологӣ сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилоят Шарифӣ Зайнура Шарофзода ва оид ба рафти иҷрои барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Шермуҳаммад Нодирӣ баромад намуданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ вобаста ба масъалаҳои дахлдори соҳаҳои номбаршуда ба масъулин дастуру супоришҳо дода, таъкид намуд, ки тамоми мақомоти дахлдор бобати саҳеҳияту баланд бардоштани маълумоти оморӣ дар тамоми соҳаҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд.