• Саҳифаи аслӣ
  • Маҷлиси ҳисоботии Сарраёсати омор баргузор гардид

Маҷлиси ҳисоботии Сарраёсати омор баргузор гардид

2Дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чаласаи ҷамбастии Сарраёсат доир ба натиҷаҳои фаъолияти он дар соли 2018 баргузор гардид.

Дар ҷаласа директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ширкат намуд.

Қабл аз оғози кори ҷаласа Гулнора Ҳасанзода 26 адад компютерҳои замонавӣ аз ҷумла ноутбук ва 7 адада принтерро ба сардорони раёсату шуъбаҳои омори якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд супорид.

 

 

3Дар ҷаласаи ҳисоботӣ доир ба фаъолият ва натиҷаҳои соли сипаригашта сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода ҳисобот дод.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ҳангоми муҳокимаи ҳисоботи пешниҳодгашта таъкид намуд,ки бо назардошти   масъалаҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баён гашта, ба саҳеҳияти ҳисоботи омории   соҳаи саноат ва таҳкими фаъолияти кормандони омор дар ҷамоатҳо эътибори хоса додан лозим аст.

Ҳамчунин   зарурати роҳандозии чораҳои мушаххас ҷиҳати баланд бардоштани тахассуси кормандони масъули қабули ҳисоботи оморӣ ва бо барномаҳои махсуси компютерӣ таъмин намудани сохторҳои омори шаҳру ноҳияҳо зикр гардид.

Дар маҷмӯъ фаъолияти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар соли 2018 қаноатбахш арзёбӣ гардида, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти мақомоти омори вилояти Суғд дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.