Таҷлили Иди Артиши Миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Дар Ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода бо суханони табрикотӣ баромад намуд.

Сипас сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чун намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд.

 

Баъди анҷоми барномаи консертии ҳунармандони ноҳия сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода бо ҳамроҳии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба қисми низомии 14356 “в” ва 0201 омада афсарону сарбозонро бо ин иди фархунда аз номи Раиси вилояти Суғд муборакбод намуд.

Дар чорабиниҳои зикргардида ба хизматчиёни ҳарбӣ ва чанде аз роҳбарони сохторҳои маҳаллӣ медали ҷашнӣ, Ифтихорнома ва Сипоснома супорида шуд.