Ободкорию созандагӣ масъулияти шаҳрвандӣ аст

Ҷаласаи кории кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба мавзӯи омилҳои таъмини амнияти кишвар ва саҳми кормандони мақомоти омор дар ин самт бахшида шуда буд.

Сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода ба кормандони мақомоти омор бобати боло бурдани сатҳи масъулиятшиносӣ, иштироки фаъолона дар пешгирӣ намудани зуҳуротҳои номатлуб бетараф набудан таъкид намуд.

 

 

Зикр карда шуд, ки маҳз аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ, дарки ҳамарӯзаи эҳсоси ватандорӣ, тарғиби сиёсати ободкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омилҳои асосии таъмини сулҳу субот ва пешравии кишвар аст.