Шанбегӣ ва ниҳолшинонӣ дар Сарраёсати омор

Кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ярмарка фуруши гулу ниҳол ва зироатҳо, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт ширкат намуданд.

Кормандон бо ташббуси худ барои сарсабзу обод гардондани боғи Сарраёсат бештар аз 30 адад ниҳоли мевадиҳанда харидорӣ намуданд.

 

Лозим ба зикр аст, ки бештари ниҳолҳои харидоришуда навъи интенсивӣ буда, мувофиқи пешбинии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ давоми як сол ба ҳосил медарояд.

Баъди ширкат дар ярмаркаи вилоятӣ бо мақсади ободу зебо гардондани мавзею атрофи коргоҳи худ, кормандони Сарраёсат шанбегӣ ташкил намуда, ниҳолҳои харидоришударо дар майдони Сарраёсат бо роҳбарии сардори Сарраёсат Ҳокимбек Накҳатзода шинонданд.