Машварати корӣ дар Сарраёсат

Имрӯз дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд машварати корӣ бо иштироки сардорони раёсату шуъбаҳои Сарраёсат ва роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои омори шаҳру ноҳияҳои вилоят оиди дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, фаъолон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.