Сардори Раёсати барӯйхатгирии аҳолӣ

13ТУРСУНБОЕВА Инобат Исмоиловна

аз январи соли 2017 дар мансаби сардори Раёсати барӯйхатгирии аҳолии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор мекунад.

11 декабри соли 1960 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ аст.

Соли 2012 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳо (ғоибона) хатм кардааст.

Оиладор.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1978-1979- Оператори маркази ахбороти ҳисобкунии статистикии давлатии ноҳияи Б.Ғафуров
Солҳои 1979-1981- Нозири шуъбаи кадрҳои маркази ахбороти ҳисобкунии статистикии давлатии ноҳияи Б.Ғафуров
Солҳои 1981-1987- Муҳосиби маркази ахбороти ҳисобкунии статистикии давлатии ноҳияи Б.Ғафуров
Солҳои 1992-1996- Иқтисодчии Раёсати омори ноҳияи Б.Ғафуров
Солҳои 1996-1998- Сармутахассиси Раёсати омори ноҳияи Б.Ғафуров
Солҳои 1998-1999- Муовини сардори Раёсати омори ноҳияи Б.Ғафуров
Солҳои 1999-2000- Сармутахассиси Раёсати омори ноҳияи Б.Ғафуров
Солҳои 2000-2015- Муовини сардори Раёсати омори ноҳияи Б.Ғафуров
Солҳои 2015-2017- Сардори Раёсати омори ноҳияи Б.Ғафуров
Аз моҳи январи соли 2017- то ҳол Сардори Раёсати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд