Ҷойҳои холии корӣ

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БА ХОЛАТИ 25.11.2024
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

 

      1. Сармутахассиси шуъбаи муҳосиботи Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1995,20 сомонӣ;

            2. Мутахассиси Раёсати омори савдо ва нарху тарифҳои Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1345,60;

     3. Мутахассиси Раёсати омори кишоварзӣ, саноат ва инвеститсия дар сохтони Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1345,60 сомонӣ;

     4. Мутахассиси Раёсати омори меҳнат, демографӣ ва таҳқиқоти буҷети хонаводаи Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1345,60 сомонӣ;

     5. Мутахассиси шуъбаи омори нақлиёт ва хизматрасонии пулакии Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1345,60 сомонӣ;

     6. Мутахассиси шуъбаи муҳосиботи Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1345,60 сомонӣ.

    Раёсати омори шаҳри Исфара

       7. Муовини сардори Раёсати омори шаҳри Исфара – 1 ҷой, маоши мансабӣ 3124,55 сомонӣ;

       8. Сармутахассиси Раёсати омори шаҳри Исфара – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1902,40 сомонӣ;

       9. Мутахассиси пешбари Раёсати омори шаҳри Исфара – 2 ҷой, маоши  мансабӣ 1554,40 сомонӣ;

      Раёсати омори шаҳри Истаравшан

       10.Мутахассиси Раёсати омори шаҳри Истаравшан  – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1276,00 сомонӣ;

       Раёсати омори шаҳри Панҷакент

       11.Муовини сардори Раёсати омори шаҳри Панҷакент – 1 ҷой, маоши мансабӣ 3124,55 сомонӣ;

           Раёсати омори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

          12.Мутахассиси пешбари Раёсати омори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 1 ҷой, маоши мансабӣ, 1484,80 сомонӣ;

          13.Мутахассиси Раёсати омори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1218,00;

Раёсати омори ноҳияи Ҷаббор Расулов

14. Мутахассиси пешбари Раёсти омори ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,80 сомонӣ;

Раёсати омори шаҳри Конибодом

15.Мутахассиси пешбари Раёсати омори шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1554,40 сомонӣ;

16.Мутахассиси Раёсати омори шаҳри Конибодом – 1ҷой, маоши мансабӣ 1276,00 сомонӣ;

Шуъбаи омори ноҳияи Мастчоҳ

17.Сармутахассиси шуъбаи омори ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1809,60 сомони;

18.Мутахассиси шуъбаи омори ноҳияи Мастчоҳ  – 1 ҷой, маошимансабӣ 1218,00 сомонӣ;

      Шуъбаи омори ноҳияи Зафаробод

      19.Мутахассиси пешбари шуъбаи омори ноҳияиЗафаробод – 1 ҷой, маошимансабӣ 1484,80 сомонӣ;

           Шуъбаи омори ноҳияи Айнӣ

              20.Мутахассиси шуъбаи омори ноҳияи Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1218,00 сомонӣ;                 

      Бахши омори ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

      21. Мутахассиси пешбари бахши омори ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ- 1 ҷоймаоши мансабӣ 1484,80 сомонӣ.

Талаботи тахассусї барои довталабон:

Барои ишғоли мансаби маъмурии категорияи дуюм (муовини сардори Раёсат):

 -таҳсилоти олии касбӣ,  ихтисос – иқтисодиёт, риёзиёт ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи  умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои

меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Eсхel.

Маоши мансабӣ – 3124,55 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Барои ишѓоли мансаби маъмурии категорияи панљум (сармутахассис):

-тањсилоти олии касбї, ихтисос – иқтисодиёт, риёзиёт ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2  сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои

меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Eсхel.

Маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Барои ишғоли мансаби маъмурии категорияи шашум (мутахассиси пешбар):

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-ихтисос - иқтисодиёт, риёзиёт ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

 -мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Eсхel.

Маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Барои ишғоли мансаби маъмурии категорияи ҳафтум (мутахассис):

-таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-ихтисос - иқтисодиёт, риёзиёт ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word ва Eсхel.

Маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-аризаи шахсӣ ба унвони сардори Сарраёсати Агентии омори назди 

   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Cуғд;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо ( 2  дона расми 4х6) ;

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс  собиқаи меҳнатӣ надорад);

-нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

-маълумотнома оид ба вазъи  саломатӣ (шакли 038УЕ);

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Суроғаи қабулиҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 28, бинои 1;

Телефон барои тамос: (83422) 5-43-74, 5-69-44

Почтаи электронӣ:stat-sugd@mail.ru

Нишонии сомонаи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон:www.stat.tj

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ:  Иловапулӣ  ба  маоши  мансабӣ  барои  собиқаи  хизмати  давлатӣ  ҳар  моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд бо суроғаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 28, бинои 1, тел. (83422) 5-43-74, 5-69-44 муроҷиат намоянд.

Саволњои озмун

1.Низоми хизмати давлатиро шаҳр диҳед?

2.Конститутсияи Љумњурии Тољикистон кай ќабул шуда буд?

3. Бобњои Конститутсияро номбар кунед.

4.Моддаи 1 Конститутсияи Љумњурии Тољикистонро шарњ дињед.

5.Мафњумњои соњибихтиёрї, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона(унитарї) чї маъно дорад?

6.Маҷлиси Олӣ – чи хел мақом аст?

7.Маҷлиси Олӣ чист?

8.Парламент чист?

9.Маҷлиси Олӣ аз чанд палата иборат аст?

10.Маҷлиси Миллӣ чист?

11.Маҷлиси Миллӣ чанд аъзо дорад?

12.Маҷлиси намояндагон чист?

13.Се шохаи асосии њокимияти давлатиро номбар намоед ва маќомоти омор ба кадоме аз ин шохањои њокимият дохил мешавад?

14.Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон кай эълон карда шудааст?

15.Суруди миллии Љумњурии Тољикистонро кї навиштааст ва муаллифи оњанги он кист?

16.Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат намоед.

17.Мафњуми асосии Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї»

18.Хизматчии давлатї кист?

19.Мансаби давлатї чист?

20.Хизматчии давлатии сиёсї кист?

21.Хизматчии давлатии маъмурї кист?

22.Фењристи мансабњои давлатї чист?

23.Фењристи хизматчиёни давлатї чист?

24.Мафњумњои дастгоњи давлатї ва маќоми давлатиро шарњ дињед?

25.Ќонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо” кай ќабул карда шудааст ва аз чанд боб ва чанд модда иборат аст.

26.Њуќуќњои хизматчии давлатї?

27.Парчами Тољикистонро шарњ дињед?

28.Принсипњои асосии хизмати давлатиро номбар кунед.

29.Љавобгарии интизомии хизматчии давлатиро номбар кунед?

30.Рутбањои тахассусии хизматчиёни давлатиро бо тартиби муайянгардида номбар кунед?

31.Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул карда шудааст?

32.Синни нињої дар хизмати давлатї.

33.Дар барои ќабул ва љараёни Ќонуни забон маълумот дињед?

34.Ўњдадорињои асосии хизматчии давлатї?

35.Низомномаи (Оинномаи) маќоми омори давлатї?

36.Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикимстон “Дар бораи омори давлатӣ” кай қабул карда шудааст?

37.Кадом санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мақомоти оморро ба танзим медарорад?

38.Вазифаи асосии омори давлатиро номбар кунед?.

39.Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» кай қабул  карда шудааст?

40.Намудҳои муроҷиатҳоро номбар кунед?

41.Муҳлати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ?

42.Инфлятсия (таваррум) чист?

43.Омор чї маъно дорад?

44.ММД (ВВП) Маљмўи мањсулоти дохилї чист ва бо кадом усул њисоб карда мешавад?

46.Иќтисодиёт чист?

47.Асоси иќтисодиёти Тољикистонро чї ташкил медињад?

48.Маќсади гузаронидани аттестатсия?

49.Низомномаи аттестатсияи хизматчии давлатї?

50.Бањодињї чї хел гузаронида мешавад?

51.Принсипњои асосии омор?

52.Тибќи кадом модда ва кадом санади меъёрии њуќуќї барои риоя накардани тартиби пешнињоди њисоботи оморї љавобгарї пешбинї шудааст?

53.Андозаи љарима барои риоя накардани тартиби пешнињоди њисоботи омори давлатї чанд аст?

54.Андозаи нишондињанда барои њисобњо дар кадом санади меъёрии њуќуќї ва дар њаљми чанд муќаррар шудааст?

55.Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.

56. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кай қабул гардидааст?

57.Қаҳрамонони Тоҷикистонро номбар кунед.

58.Муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?

59.Мафҳуми “давлати ягона” тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад.

60.Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ (қонунҳо) ва барномавӣ (консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо) доир  ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм номбар карда шавад.

61.Фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешавад.

62.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза ба зидди терроризм” маълумот пешниҳод карда шавад.

63. Принсипњои асосии муќовимат ба терроризмро номбар кунед.

64.Мафҳумҳои “терроризм” ва “амали террористӣ шарҳ дода шавад.

65. Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоқикистон барои солҳои 2021-2025 маълумот пешниҳод карда шавад.

66.Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстермизм” маълумот пешниҳод карда шавад.

67.Маҳфумҳои “экстремизм” шарҳ дода шавад.

68.Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ маълумот пешниҳод карда шавад.

69.Дар бораи шаклҳои иттиҳодияҳои динӣ ва вазъи ҳуқуқии онҳо маълумот пешниҳод карда шавад.

70.Кадом сол, бо кадом забон ва дар куљо китоби «Тољикон»-и академик Бобољон Ѓафуров аввалин маротиба чоп шудааст?